ДУШАНБЕ, 17.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд таълиму тарбияро аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоем. Зеро ин давра барои тақвияти зеҳни кӯдакону наврасон ва забономӯзии онҳо бисёр муҳиму созанда ва созгор мебошад. Он гоҳ дар заминаи забони модарӣ ҳар як фарди ҷомеа метавонад чандин забонҳои хориҷиро аз худ намояд. Ин матлабро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода дар мақолаи ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааш баён доштааст. Матни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
Бузургони олам дар бораи забони модарӣ, рисолати он дар хонавода ва ҷомеа бисёр ёдовар шудаанд. Мо низ хуб медонем, ки забон пайвандгари инсонҳост, бо забон инсонҳо метавонанд бо ҳам суҳбат намоянд, изҳори ақида кунанд, ғаму андӯҳ ё хурсандиашонро иброз намоянд, меҳрубонӣ кунанд, биранҷанд, созанда бошанд ё сӯзанда ва ғайраҳо. Яъне забон дар ҳама давру замон ҳамчун ифшогари розу ниёзи мардум шинохта шудааст. Забони модарии мо дар тамоми давраҳои ҳастиву ташаккули хеш то андозае рисолати худро ҳифз кардааст, ки солҳо хизматҳои ин забонро барои фарзандон ва миллатҳо ҳикоят намоем, кам аст. Орзуи бо ин сарзамин ва забон ошно шуданро файласуфони олам бисёр дар дил парваридаанд. Аз ҷумла, олим ва файласуфи немис Гёте фармудааст, ки «ба хотири бо ин забон ошно шудан, месазад, ки баҳрҳо, биёбонҳо, кӯҳҳоро пушти сар карда, ба ватани онҳо биравӣ». Шоирони рус Пушкин ва Есенин низ аз адабиёти тоҷик илҳом гирифта, шеърҳо эҷод кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин забон умри зиёда аз 6000 — сола дошта, новобаста аз тохтутозҳои душманони ин сарзамин боз пеши фарзандон содиқу вафодор мондааст.
Мо дар ин ҷода хизматҳои шоёни модари тоҷикро бояд сарфи назар насозем, ки дар ақлу ҳусн ҳамто надорад. Модари тоҷик фарҳанги волову забони софу беолоиш, пур аз латофату назокатро бо меҳру муҳаббати беҳамто ба фарзандон, наслҳову аслҳои мо тақдим медорад, забоне, ки бо танини худ мусиқии беҳамтову нотакрорро мемонад, забоне, ки муаррифи таъриху фарҳанги ниёгонамон дар тамоми умри тӯлонист ва маҳз Модар нахуст ин забонро ба пайвандон амонат гузошта, арҷу эҳтиром доштанашонро хостааст. Ин хизматҳои пурфазилату маърифати модарон имрӯзи моро ба гузаштаи таърихӣ мепайвандад, ҷаҳониёнро бо навиштаҷоти беш аз 6000 — солаамон ошно месозад, ин миллату ин фарҳангро бо ин забон ҷаҳонӣ сохтаву ба ҷаҳониён такрор ба такрор бо далелҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ӯ, яъне модари тоҷик, фарзандҳои фарзонаву китобдор, ватандӯсту шаҳрсоз, олимони барҷастаро барои ҷаҳониён тавлид кардаву тамаддуни оламро бо ин забон ошно сохтааст. «Авесто»-и Зардушт, ашъори устод Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ», «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, асарҳои Абӯали Сино, Носири Хусрав ва ғайраҳо гувоҳи гуфтаҳои болоянд.
Сарчашмаҳо забони гуфтугӯии мардуми оламро 7100 адад нишон додаанд, ки аз ин танҳо 100 забон мақоми давлатӣ доранд. Хушбахтона, бо талошҳо ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ мақоми олитарин- мақоми давлатиро касб кардаву барои ин миллат ва сарзамин хизматҳои шоён анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2009 қабул шуда, дар ҳамин сол ниҳоде бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки иҷрои талаботи Қонуни мазкур ва татбиқи онро дар ҳамаи ҷабҳаҳо назорат мебарад. 5 октябр ҳамасола ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Ҳадафи асосии талошҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз намудани қадру манзалати миллати баруманде бо номи Тоҷик мебошад.
Ҳамин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешамандона ва дурандешона бо назари нек ба ояндаи мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда, масъалаи рушди маориф, яъне таваҷҷуҳи махсус додан ба таълиму тарбияи насли наврасро яке аз масъалаҳои рӯзмарра иброз доштаанд: «Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннати арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».
Ин иқдом дар ҳақиқат саривақтӣ ва муҳим буда, мо бояд таълиму тарбияро аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоем. Ин дар такмили зеҳни кӯдакону наврасон ва забономӯзии онҳо таъсири хуб хоҳад дошт. Ва он гоҳ дар заминаи забони модарӣ ҳар як фарди ҷомеа метавонад чандин забонҳои хориҷиро аз худ намояд, ки ин амалу муносибатҳо ҳама баҳри рушди ҷомеаи миллии мо ва беҳбудии рӯзгорамон барои ояндаи мамлакат аст.
Пешвои миллат дар баробари даъват ба сулҳу субот ва оромии ватани азизамон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ба монанди Парчаму нишони миллӣ, дӯст доштан ва ҳимояи марзу буми Ватан, ифтихори милливу ватандорӣ, эҳтиром нисбат ба забони модариро дар мадди аввал гузошта, даъват ба амал меоварад, ки «ҳамватанони азиз, умри миллат ба умри забон вобаста аст!». Аз ин рӯ, мо вазифадор ҳастем, ки ба ин забоне, ки ба хотираш моро то имрўз аз саҳифаҳои таърих дур накардаанд, ба ин забоне, ки гузаштаву имрўзаамонро бо як ҷаҳон сарфарозиҳо мепайвандад, ба ин забоне, ки бо он хотираҳои беохири мо пайванд аст, ба забоне, ки дар гузаштаву имрўза сарҳаду макони миллати барумандро шинохтаву дар хотираҳои таърихиаш фарзонафарзандонаш соядасти худро бо ифтихор гузоштаанд, бо забоне, ки ҳарчанд борҳо аз ҷониби аҷнабиён тороҷ гаштаву боз зинда мондааст, забоне, ки қудрату тавоноии давлатдориаш, расмиёти ҳуҷҷатнигориаш мактаби идоракунии давлатии ҷаҳонро такон додаву душманонаш, ки бо хунрезиҳо мулкро ғорат кардаву дар вақтҳои ҳукмрониашон бо ин забон расмиёти давлатдориву маъмурӣ доштанд, арҷ гузорем, ифтихор дошта бошем, бо сарфарозӣ ва муҳаббати бепоён ба ин забон суҳбат намуда, аз меҳру вафо, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан-Модар сухан бигўем ва фарзандҳои арзандаро барои ояндаи дурахшони ин сарзамин тарбият намоем. Зеро Абдуқодири Бедил фармудааст:
Эй, ки аз фаҳми ҳақоиқ дам занӣ, хомўш бош,
Даромад
Харита
Тамос




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


