Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот вобаста ба фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба намояндагони ВАО маълумот пешниҳод намуданд.
Гуфта шуд, ки Кумита ҷиҳати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар нимсолаи якуми соли 2025 фаъолияти 39 адад мақомоту идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатиро мавриди назорату санҷиш қарор дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (нимсолаи якуми соли 2024 18 адад мақомоту муассисаҳои давлатӣ) 21 адад ё 59% зиёдтар мебошад.