Семинари омӯзишӣ ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он
Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раиси Кумита Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳот Зулфониён Р., сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. (аъзои гурӯҳ) тибқи Нақшаи назоратӣ вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои банди 22-и Нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021»-ро (6.02.2021, №14) дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи маориф, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон» ва ҶСК Бонки «Эсхата», ҶСП «Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон интернешнл», коллеҷҳои техникии ғайридавлатӣ ва инноватсионии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд аз 21-ум то 26-уми июни соли 2021 мавриди назорат ва таҳлил қарор дод.
Ҳамзамон, Кумита 24-уми июни соли 2021, соати 11:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз натиҷаи назорат ва таҳлили риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи банди Нақша бо иштироки сардори шуъбаи танзими истилоҳот ва сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита, муовини раиси шаҳри Гулистон ва кормандони он, раисон, муовинон ва котибони ҷамоатҳо, Коллеҷи тиббӣ, мудири шуъбаи маориф ва кормандони он, мудирони боғчаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинҳо, омӯзгорони муассисаҳо, соҳибкорон, намояндагони Беморхонаи марказӣ, шуғли аҳолӣ, нозироти андоз, маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, воситаҳои ахбори омма (ҳамагӣ 70 нафар) семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар оғоз муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғ. ҳамаи иштирокдоронро ба семинари омӯзишӣ хайра мақдам намуда, намояндагони Кумитаро ба ҳозирин муаррифӣ кард ва оид ба муҳтавои рӯзномаи семинар маълумот дод. Баъдан барои гузориш суханро ба сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Р. дод. Аъзои гурӯҳи корӣ баён намуд, ки тибқи нақша дар муҳлати кутоҳ вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баъзе аз корхонаю муассисаҳои шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таҳлилҳо нишон дод, ки бо вуҷуди қаноатбахш будани масъалаи коргузорӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон баъзе хатоҳои имлоӣ ва навишти ғайритоҷикӣ ба мушоҳида расид, ки гурӯҳи корӣ барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тавсияҳои худро пешниҳод намуд. Инчунин, дар рафти таҳлил санҷиши саводи имлоии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон санҷида шуд.
Сипас, сухан ба сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ Буриева Ш. дода шуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро аз рафти назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва ташкилоту муассисаҳои он баён намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар гузориш дарҷгардида дар муҳлати муқарраргардида ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал ирсол намоянд.
Семинари омӯзиширо муовини раиси шаҳри Гулистон – Оқилзода Ғ. ҷамъбаст намуда, бовар кунонданд, ки камбудию норасоиҳо дар муҳлати кутоҳ бартараф хоҳад шуд.
Категория:
- Гузоришҳо [2]
- Ахбори рӯз [3]
- Конференсияҳо [4]
- Фаъолият [5]