«Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо – забони миллии мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Хушбахтона, баъди талошу заҳматҳои зиёд ва заминаҳои таърихию сиёсию адабии пурифтихор ва маърифтапарваронаву тамаддунофар дар замони Истиқлолият забони миллӣ ривоҷу равнақи худро ёфт.
Аз соли 2009 инҷониб, санаи 5-уми октябр баъди тасдиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб ёфта, он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа мавриди корбурд қарор дорад.
Ҳамин иқдоме, ки баҳри ташаккули қудрати воқеии забон бо ҷомеа ва инсонҳои муошираткунанда ва мукотиботу эҷоди онҳо хизмат мекунад, риояи меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебошад.
Бо дарназардошти ин гуфтаҳо, воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22-юми июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Пешвои миллат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Бинобар мақоми кунунии забони тоҷикӣ дар ҷомеа ва дурнамои рушду густариши он матни «Имлои забони тоҷикӣ» аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифта, ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо дарназардошти такмили қоидаҳо ва меъёрҳои таърихӣ номи «Имлои забони тоҷикӣ» ба «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» иваз карда шуд.
Такя бо ин ҳадафҳо, ки забони давлатӣ симои миллати моро ба олам бозгӯйӣ мекунад, имрӯз Кумита бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» баргузор менамояд.
Дар конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоду пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Кумитаи мазкур ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат хоҳанд варзид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд. Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҷаббор Раҳмонзода, директори Иниститути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар суханрониҳои хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании ин забон ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон ва риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебояд фаҳмид. Зеро барои ба ин мақсадҳо ноил гаштан доираи омӯзиш ва таълими ин забонро дар кишварҳои олам бояд васеъ намуд.
Дар Конференсия 13 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки дар асоси моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
Баргузории чунин як ҳамоиши илмӣ, барои пешрафт ва рушди забони давлатӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоламон натиҷаҳои судманд хоҳад бахшид. Ин иқдом бо сарварии Пешвои миллат дар самти сиёсати давлатии забон дар сарзамини мо тоҷикон амалӣ гардида, моро ба ҳифзи асолати забон ва посдории ин муқаддасот ҳидоят мекунад.
Дар анҷоми кори конференсия, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо Тавсияномаи конференсия қабул ва эълон карда мешавад, ки он ба мақомоти дахлдор ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ирсол гардида, дар ҳамкориҳои пайваста татбиқ хоҳад шуд.