БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Санаҳои 9-10 январи соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз рафти корҳои ободони созандагии иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд.
Ба моқсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни Истиқлол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони ватандуст дар деҳаи Лангари Шоҳи Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ ва деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об толорҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон сохта, дар марҳилаи рангу бор ва зебогардонӣ қарор доранд.
Ҳамчунин дар паҳлуи Толори варзишӣ дар деҳаи Фатҳобод боз як майдончаи вазишӣ дар ҷараёни анҷомёбӣ қарор дорад.
Зимни боздид ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва бо риояи меъёрҳои миллии меъморӣ анҷом додани сохтмонҳои мазкур таъкид гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос барои сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳаи Фатҳобод қитъаи заминро муайян намуда, барои то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта ва ба истифода додани он ба фаъолону масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавсия дода шуд, ки ҷиҳати равшаннамоӣ ва гармидиҳӣ зимни сохтмон ва бунёди иншоотҳо аз панелҳои офтобӣ низ истифода намоянд.
Категория:
- Ахбори рӯз [2]








