Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Интишори сомонаи «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (http://www.istilohot.tj)

Асосӣ > Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia")

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 30 Август, 2017 - 18:55
Ғалатҳои сомонаи Wikipedia (Бунёди "Wikimedia") [1]

Баъд аз баррасӣ ва мутолиаи муҳтавои қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia", ки дар нишонии интернетии https://tg.wikipedia.org [2] ҷойгир шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки сомонаи дар боло зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, ҷавобгӯ намебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.

Кумита ба ихтиёриёни касбии (волонтёрони касбӣ) сомонаи "Wikipedia" тавсия медиҳад, ки барои беҳтар намудани сифати мақолаҳо ва ислоҳ кардани хатоҳои такрорӣ аз барномаи махсуси "AutoWikiBrowser" ё ин ки "WPCleaner" истифода баранд ва бо "Wikipedia Typo Team" ҳамкорӣ намоянд. Шумо ҳам метавонед барои осон кардани ин масъала роботи нармафзориро (бот) таҳия карда, дар қисмати тоҷикии сомонаи "Wikipedia" ба кор дароред.

AutoWikiBrowser: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:AutoWikiBrowser [3]
WPCleaner: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:WPCleaner [4]
Wikipedia Typo Team: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Typo_Team [5]
Wikipedia:Bots: https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Bots [6]

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)
Замима: 
File Гузориши_хатоҳои_имлои_забони_тоҷикӣ_дар_Wikipedia.xlsx [7]

Категория:

  • Сомонаҳои ғалатдор [8]

Манбаъ::http://www.istilohot.tj/tg/content/galatkhoi-somonai-wikipedia-bunyodi-wikimedia?mini=2025-08&page=42

Пайвандҳо
[1] http://www.istilohot.tj/sites/default/files/field/image/wikipedia_0.png [2] https://tg.wikipedia.org [3] https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:AutoWikiBrowser [4] https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:WPCleaner [5] https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Typo_Team [6] https://en.wikipedia.org/wiki/Wikipedia:Bots [7] http://www.istilohot.tj/sites/default/files/articleattachments/%D0%93%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88%D0%B8_%D1%85%D0%B0%D1%82%D0%BE%D2%B3%D0%BE%D0%B8_%D0%B8%D0%BC%D0%BB%D0%BE%D0%B8_%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8_%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D3%A3_%D0%B4%D0%B0%D1%80_Wikipedia.xlsx [8] http://www.istilohot.tj/tg/category/%D1%81%D0%BE%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%B8-%D2%93%D0%B0%D0%BB%D0%B0%D1%82%D0%B4%D0%BE%D1%80