Навигарӣ
МУҲАҚҚИҚИ ХИРАДМАНДУ НУКТАСАНҶ
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи илм дар муассисаҳои илмию фарҳангӣ гузашта истодааст. Таҳқиқу баррасӣ ва донишҳои гуногуни назарӣ аз қадим диққати донишмандони тоҷикро ҷалб кардааст. Аз Эъломияи Куруши Кабир то пешниҳодҳои беназири Сарвари давлатамон дар робита ба об дар СММ, гувоҳи зеҳни волои миллати тоҷик мебошад. Ин аст, ки машғул шудан ба илм аз вазифаҳои муҳими илмӣ ба шумор меравад. Яке аз донишмандоне, ки умри бобаракати худро ба ин самти муҳим бахшидааст, профессор Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш таъкид карда буданд, ки халқ ба хотири ҳамон фарзандони наҷибаш арҷ мегузорад, ки дар роҳи пешрафти давлат, шукуфоии Ватан ва сарбаландии миллати худ содиқонаву фидокорона заҳмат кашида, дар соҳаҳои худ ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд.
Ин таъкидҳои Пешвои миллат бозгӯи обрӯю эътибори ҳазорон нафар фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад, ки дар арсаҳои гуногуну соҳаҳои мухталиф фаъолияти пурсамар намуда, дар шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Яке аз чунин, фарзандони содиқи Ватан, доктори илмҳои ҳуқуқ, ходими илмию давлатӣ, генерал-майори милитсия Зоир Ҷурахон Маҷидзода мебошад.
Мардони хирадманд, покҷавҳару нексиришт ва ҷасуру росткор ҳамеша ва дар ҳар давру замон мавриди эҳтиром ва писанди ҳамагонанд. Зеро онҳо бо хислату фазилатҳои хоси худ дар ҷомеа нодиру камназиранд. Эшон хушбахтии худро дар саодати мардум дониста, ҳаргиз барои манфиати шахсии худ талош намеварзанд. Аз ин рӯ, ин гуна ашхос тавассути хираду фазилатҳои наҷиб ва амалҳои неки хеш дар зеҳнҳо боқӣ монда, аҳли ҷомеа онҳоро қадршиносӣ менамоянд ва азиз медорад.
Моҳи марти соли равон, ин шахсияти муътабару баруманди кишвар, олим, устод, муҳаққиқ, инсони комил ва донишманди соҳибмактаб, яке аз саромадони илми ҳуқуқ дар кишвар Зоир Ҷурахон Маҷидзода ба синни мубораки шасту ҳашт қадам мениҳанд. Аз синни шаст боло дар байни мардуми мо эҳтироми хоссае дошта, қуллаеро мемонад, ки аз баландии он ба поёниҳо бо назари ифтихор ва қаноатмандӣ менигаранд.
Дар рӯзҳои Ҷашни ниёгонамон Наврӯз, 26-уми марти соли 1957, дар деҳаи зебоманзари Яхчашмаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадани Зоир Ҷурахон-собиқ вакили мардумӣ, муҳаққиқи дақиқназар, шахси суханвару пурмаҳсул, ҳалиму меҳрубон ва, умуман, инсони комил фоли нек ва пайомади хуш буда, ба фазилати ӯ созгор аст.ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳамватанони азиз!
Фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро ба ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки рӯзу рӯзгоратон аз файзу баракати ин ҷашни зебои табиат ҳамеша пур аз шодиву нишот бошад.
Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба пешвози фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешавад ва дар ҷону руҳи инсонҳо умед ба зиндагӣ ва дӯст доштани он дигарбора зинда мегардад.
Яъне Наврӯз айёми гузариш ба фасли нави зиндагӣ, пирӯзии гармӣ бар сардӣ, ҷашни равшанӣ ва нур, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандии ҳамагонӣ ва шукуфтани орзуҳо мебошад.
Аҷдоди фарҳангиву тамаддунсози мо тавонистаанд, ки ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифзу нигоҳдорӣ карда, то ба рӯзгори мо расонанд.
Наврӯз, ки решаҳои он аз суннатҳои фарҳангии ниёгони мо сарчашма мегиранд, рамзи эҳтиром ба табиат, арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстона ва қаробату ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад.
Ин ҷашни зебои табиӣ дар раванди рушди таърихӣ бо ҳикмату фалсафаи инсонпарваронааш ба тамаддуну фарҳангҳои дигар таъсири амиқ расонида, аз ҷониби халқу миллатҳо тадриҷан пазируфта шудааст.
Яке аз омилҳои ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯз маҳз аз ҳамин иборат аст.
Табрикоти Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯз
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона кулли ҳамватанони азиз ва тоҷикони тамоми дунёро бо фарорасии ҷашни ҳуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Ниёгони некноми мо Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватан, тавассути сиёсати хирадмандона ва талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бузург на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда, имрӯз дар саросари олам таҷлил мешавад.
Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷашни Наврӯзро бо забони ноби тоҷикӣ “Наврӯз” ном мебаранд, зеро Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Тоҷикистон кишвари мардумони сарбаланд ва кӯҳҳои осмонбӯс аст. Дар зимистон кӯҳҳо бо қабати ғафси барф печонида шуда, дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо барф муддати тӯлонӣ сафедии худро гум намекунад, танҳо нурҳои аввалини офтоби баҳорӣ онро об карда, муъҷизаи хурдеро фош мекунанд, ки ин сарҳои хурди бунафш аз қатраҳои барфӣ дар пояҳои борик мебошад. Ин далели раднашавандаи фаро расидани бахори деринтизор аз кадимулайём барои тоҷикон ҷашни бошукуҳ буд.«НАВРӮЗ-РАМЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ»
Бо чунин унвон имрӯз, 19 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз гардид, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашни фархундаи мардуми тоҷик буда, зодаи хираду андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад. Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, оғози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад.Суратгузориш аз барномаи фарҳангии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз
Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода ва кормандони Кумита муовини Раиси Кумита муаррифӣ карда шуд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзиддин Камолиддин муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода муовини навтаъйинро барои сазовор шудан ба боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъйин гардидан ба вазифаи пурмаъсул табрику шодбош намуда, баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат барору комёбӣ таманно намуд.
Раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода иброз дошт, ки ба боварии Сарвари давлат сазовор шудан агар аз як ҷониб ифтихори бузуруг бошад, аз тарафи дигар масъулияти шахсро дар назди халқу Ватан боз ҳам дучанд мегардонад.
Изҳори итминон карда шуд, ки муовини навтаъйин тамоми неру ва қуввваи худро баҳри пешрафти соҳа, алалхусус рушди забони давлатӣ равона хоҳад намуд.«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАНШАИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ»
Таҳти чунин унвон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Зимни он Раис Кумита Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои стратегии пешрафти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа буда, нақши ҷавононро дар ҳалли масъалаҳои муҳими миллӣ равшан нишон медиҳад. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ҳар як ҷавон бояд худро масъули рушди Ватан донад. Ин масъулият аз тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва таълими замонавӣ оғоз мегардад. Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ нақши калон дорад. Корманди Кумита Сабралиев Нодир иброз намуд, ки ҳамасола Пешвои муаззами миллат дар ҳар паёми ироагардидааш ба Маҷлиси Олӣ қайд менамоянд, ки «Мо ба нерӯи созандаи ҷавонон эътимоди комил дорем. Онҳо неруи пешбарандаи чомеа, давомдиҳандаи кору фаолияти насли калонсол, қувваи созанда ва иқтидори воқеъии ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд»
Мизи мудаввар дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз Пешвои сулхоҳамон ифтихор дорем Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари расмии давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон як қатор санадҳои муҳими давлатӣ миёни ду кишвари бо ҳам ҳамсоя баста шуд, бахусус Шартномаи тарафайни сарҳадӣ, ки ин оғози марҳилаи нав дар рушди ҳаматарафаи ду кишвар хоҳад буд. Чунин таъкид намуд, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод зимни ҳамоиш, вобаста ба ташаббусҳои навбатии Сарвари давлат.
Аз феҳристи санадҳои имзошуда маълум мегардад, ки бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров минбаъд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва фарҳангию башардӯсдӣ миллати тоҷик ва қирғиз ҳаёт ба сар мебаранд ва тараққӣ мекунанд. Ҳодисаи муҳимми ҳаёти аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад.Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми март дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд. Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.«МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ»
Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд Душанбе, 15.03.2025. Кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» субҳи 15-уми март дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мебошад.
Чорабинӣ бо мақсади иҷрои супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2025, дар бораи баргузор намудани машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» доир карда шуд. Таъкид карда шуд, ки бо дарназардошти манфиатбахшу дармонбахш будани машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардӣ барои солимии ҳар фарди ҷомеа кормандони Кумита минбаъд ҳар рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ» машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъонаро идома хоҳанд дод.ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ
Раҳматуллозода Сахидод
раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМутобиқи маълумоти АМИТ «Ховар» ва расонаҳои мавҷудаи Ҷумҳуриамон 12-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Ҳамчунин, дар асоси хабарҳои расонаҳои мазкур рӯзи 13-уми март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар зери Изҳороти муштарак ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Ҳамзамон, миёни вазорату идораҳои ду кишвар 16 санади нави ҳамкориҳо ба имзо расиданд, ки ин иқдомот худ дар таҳкимбахшии муносибатҳои ду халқи ба ҳам дӯсту бародар нақши муҳим мебозад:
— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
— Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Олайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;
— Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;
— Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;
— Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;
— Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард. ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/.
Аз феҳристи санадҳои имзошуда маълум мегардад, ки бо ибтикор ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои ҳасанаи ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров минбаъд дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иҷтисодӣ ва фарҳангию башардӯсдӣ миллати тоҷик ва қирғиз ҳаёт ба сар мебаранд ва тараққӣ мекунанд.
Ҳодисаи муҳимми ҳаёти аз он иборат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.
Аз ҷараёни мулоқоту вохуриҳо ва ҳамоишҳо маълум аст, ки хурсандии мардумони наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Исфара ҳадду канор надорад, ки ин барои тамоми мардуми ҳарду кишвар ҳодисаи фараҳбахш аст.
Пайванди муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бетафовут намегузорад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иқдомоти сулҳҷӯёнаю башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон ҳама гуна марзҳоро убур карда, дар дили мардумон тухми меҳру муҳаббат мекорад. Ҷаноби олӣ бори дигар исбот карданд, ки миллати тоҷик аз миллатҳои бовафо дар самти сулҳу дӯсти ва бародарӣ мебошад, ки инро аз ниёгони ориёиямон ба мерос гирифтаем. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нигоштаанд, ки “дар ин хок, дар ин хок дар ин мазраи пок, ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем”. Миллати тоҷик чун наберагони ин адиби забардаст, ки бо андешаҳои башардӯстро дунёро тасхир кардааст, дар симои поки Сарвари давлатамон давомдиҳандаи иқдомоти неки башардӯстонаро мебинад. Мо бо ин гуна Сарвари давлат, ки барои амнияти халқ, серию пурии мардум, осудагии аҳолӣ тамоми заҳматҳои шабонарӯзиро таҳаммул мекунанд, ифтихор мекунем.
Дар Тоҷикистон қирғизҳо ва дар Қирғизистон тоҷикон аз қадимулайём ин ду мардум паҳлуи ҳам дӯстона зиндагӣ карда меоянд. Аз рафти гузоришҳо маълум гардид, ки ба масъалаи забономӯзии онҳо низ аҳаммияти ҷиддӣ дода шуд. Ин ҳолати дилхушкунандаест, ки ҳомилони забонро фараҳ мебахшад. Таълиму тарбияи наслҳои ояндаи ин миллатҳо ба забони модарӣ аз иқдомоти наҷиби ин гуфтушунидҳост. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қавму миллатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ба забони модариашон метавонанд озодона таълим гиранд. Умед дорем, ки ин муносибати нек нисбат ба тоҷикзабонони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Қирғизистон аз самараҳои неки музокироти роҳбарони давлатҳо бошад.
Ин сафари Пешвои миллат дар арафаи рӯзҳои Ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯз сурат гирифт, ки басо ҷолиб арзёбӣ мегардад. Муждаву пайки хуши Наврӯзист, ки марзкушоиҳои Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд дар рушди робитаҳои дуҷонибаи ҳамкориву дӯстии тоҷикону қирғизҳо ва рушди забони ин мардумон дар маҳалли зисти кишвари худ равнақу ривоҷ меёбанд. Дар Наврӯз миллати ориёӣ некиҳоро талқин мекунад, сардиҳоро паси сар ва нармию гармиҳоро истиқбол мегирад, дар масири лутфу меҳрубонӣ қадам мениҳад, сухани нек ва боилтифотро муқаддимаи гуфтори хеш мегардонад. Ҳамаи ин сифатҳои некро мо дар симои Пешвои миллатамон мебинем. Ин хислатҳои наку зербинои муносибатҳо дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсояҳо аст. Мо дар ин рӯзҳои наврӯзӣ иқдомоти сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиамонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва аз фурсат истифода карда, тамоми сокинони азизи ҷумҳуриамонро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик мекунем.