Навигарӣ
Гузориши конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» (3 октябри 2017)
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита 3-юми октябри соли равон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 70 нафар намояндагони вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Конференсияи мазкур бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин, мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсиянома қабул кард:
1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби олимони забоншинос Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
2) Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби барномасозон ва забоншиносон Барномаи навтарини тафтиши имлои забони тоҷикӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.
Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳифзи асолати забон ва меъёрҳои он» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3-юми октябри соли 2017)
«Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози истиқлолият барои рушди забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ, ки асолати беш аз ҳазорсолаҳо дорад, бо забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори инсонгарои башарӣ саҳми босазое дорад. Дар ин давраи ҷаҳонишавии миллатҳо ин сарвати бебаҳо – забони миллии мо, ки худ омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
Хушбахтона, баъди талошу заҳматҳои зиёд ва заминаҳои таърихию сиёсию адабии пурифтихор ва маърифтапарваронаву тамаддунофар дар замони Истиқлолият забони миллӣ ривоҷу равнақи худро ёфт.
Аз соли 2009 инҷониб, санаи 5-уми октябр баъди тасдиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи асолат ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як фарди кишвар маҳсуб ёфта, он дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа мавриди корбурд қарор дорад.
Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Конференсияи байналмилалии «Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ»
«Забони тоҷикӣ бо гузашти асрҳо ҳамчун омили ваҳдат ва ифтихори миллӣ дар давлатдории навини мо дар мақоми забони давлатӣ қарор гирифт».
Эмомалӣ Раҳмон
Фишурдаи гузориш барои Воситаҳои ахбори омма аз Мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзномаҳои даврӣ»
«Забони давлатиро дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, аз ҳама қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ бояд озод кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Ҷиҳати танзими истифодаи забони давлатӣ ва муайян намудани вазъи ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Дар Қонуни мазкур дар моддаи 3-и банди 6 ба таври дақиқ муайян шудааст, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
Барои тақвияти истиқрори фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон пояҳои забони миллиро устувор кардан зарур аст.
Ҳисобот дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015
Ҳисобот
дар бораи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 фаъолияти худро баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамоҳангсозии иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, ҳамчунин, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина фаъолиятро дар самтҳои зерин амалӣ намуд:
Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» июни соли 2012,
№335 тасдиқ шудаастНақшаи
чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ
Гузориш оид ба татбиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016
Мутобиқи банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» муқаррар гардидааст.
Рӯйхати аъзои Шӯрои коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шарофзода Гавҳар
- Матробиён Саодатшо Қосимзода
- Зулфониён Раҳим Раҷабзод
- Қарахонов Маҳмадрасул Сарахонович
- Сайфуллоев Хайрулло Габдуллоевич
- Шозедов Нафасшо
- Байдуллоев Аъзам
- Имомов Исматулло
- Каримов Шуҳрат
- Утаев Маъмурҷон
- Ҷўраев Тухта Қодирович
- Бокиев Ҳамза Олимович
- Ҳакимов Ғ.Қ.
- Хубони Сорбон
- Иброҳимов Х.Ф.
- Иброҳимов М.Ф.
- Раҳматов Баҳодур
- Талабов Шарофудин Диловарович
- Салимов Рустам Давлатович
- Гусейнова Татьяна Владимировна
- Искандарова Дилоро Муқаддасовна
- Ҷамшедов Парвона Ҷамшедович
- Малыхина Лайлӣ Шохимардонова
- Мирзоева Раъно Бороновна
- Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода
- Давлатшоева Мавҷигул Бороновна
- Фарҳодова Сарвбону Алидодовна
- Абророва Соҳира Ҳамидуллоевна
- Сатторов Амирҳамза Баҳодуровна
- Маҳмадёрова Гулҷаҳон
- Наврасов А
- Насруллоев Муҳаммад
- Бердов Давлат Давлатович
- Ҷумъаев Бобораҷаб
- Расулов Ғиёсиддин
- Мирзоев Довар
- Сафаров Меъроҷиддин
- Сафиалоева Лола
- Ҳабибов Самад Шукурович
Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» июни соли 2012,
№335 тасдиқ шудаастНақшаи
чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ
барои солҳои 2012-2016Р/т
Номгўи чорабинињо
Муҳлат
Масъулон
I. ТАЪМИНИ ЗАМИНАИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
1.
Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар иртибот ба сиёсати давлат дар бораи забон
2012-2013
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
2.
Таҳқиқи заминаҳои рушди забони давлатӣ аз нигоҳи забоншиносии иҷтимоӣ
2012-2015
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
3.
Таҳияи махзани электронии маълумот дар иртибот ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон
2012-2014
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
4.
Таҳияи дастурамали танзим ва қабули истилоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2012-2013
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ