Абдурауфи Фитрат (1886-1937)
Фитрат (тахаллус; тахаллуси нахустинаш Миҷмар; ном ва насабаш Абдурауф Абдураҳмонов; 1886, Бухоро – 1937, Тошкент), нависанда ва олими тоҷик. Проф. (1924). Дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва институти Истанбул хондааст. Роҳбари ҳаракати ҷадидӣ ва яке аз сарварони ҷамъияти адабии «Чиғатой гурунги» («Сӯҳбати аҳли Чиғатой») буд. Аъзои партияи комунистии Бухоро (1918 - 1924). Нозири маорифи халқи РХСБ (1921) , ҷонишини раиси шӯрои нозирони халқ (1922), аъзои бюрои сиёсии партияи комунистии Бухоро буд. Дар институти забонҳои шарқии Лазареви Москва (1923-1924), институти давлатии тадқиқоти илмии РСС Ӯзбекистон (1926), академияи педагогии Самарқанд, дорулмуаллимини Бухоро ва Тошканд кор кардааст. Фитрат дар инкишофи насри бадеии то револютсионии тоҷик фаъолона иштирок доштю дар соҳаи назм ба саромадони адабиёти классикӣ пайравӣ мекард. Як муддат ӯ дар зери таъсири ҳаракати пантуркистӣ роҳи хаторо пеш гирифт. Пас аз соли 1925 роҳи дурусти эҷодиро интихоб кард. Дар инқилоби мадании Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуд. Фитрат осорашро ба забонҳои тоҷикӣ («Мунозира», 1909, «Сайҳа», 1911; «Баёноти сайёҳи ҳинд», 1911-1912; «Роҳбари наҷот», 1915; «Шӯриши Восеъ», 1927; «Аморати Бухоро», 1930 ва ғ.) ва ӯзбекӣ («Муҳаббати самимӣ», 1919; «Қиёмат», 1923; «Ошӯбгарони Ҳинд», 1920; «Абулфайзхон», 1924) таълиф кардааст. Роҷеъ ба назм, аз ҷумла вазни арӯз, инчунин оид ба Ҳофизи Ӯбаҳӣ ва Сайфии Исфарангӣ ва дигарон саромадони адабиёти тоҷику ӯзбек тадқиқот дорад.
Даромад
Харита
Тамос







Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


