Навигарӣ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.Мизи мудаввар ба ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин»
Забон неруи – ваҳдатофаринИмрӯз 26-уми июни соли 2020, соати 1000 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Забон – неруи ваҳдатофарин» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он олимон, шоирон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита, муовини раис, сардорон, мудирон ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
Дар оѓоз суруди миллӣ садо дод ва баъдан раиси Кумита тамоми иштирокдоронро ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қадами ҳар яки онҳоро ба ин чорабинӣ хайра мақдам гуфтанд ва ба иштирокдорон тансиҳатӣ, фаррухрӯзӣ ва ба фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуда, афзуданд, ки халқи тоҷик хуб медонад, ки барои расидан ба ин рӯзи саид кишвари мо аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ хотима бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли паркокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Аз ин рӯ, мо бояд ҳар як фарди бонангу номус ин ҷашнро гиромӣ дошта, Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.Чаро баъзе аз кормандони САҲШ муқаррароти қонунро риоя намекунанд?
Вақти он расидааст, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забони тоҷикӣ ва низоми таърихан ташаккулёфтаи миллӣ истифода барем. Татбиқи оқилона ва санҷидаи ин сиёсат ба эҳё ва тақвияти асолати миллӣ мусоидати матлуб хоҳад намуд.
Эмомалӣ РАҲМОНБисту нуҳуми апрели соли 2020 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум вакилон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро қабул карданд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», ки аз 27-уми июли соли 2016 ба тасвиб расидааст, барои эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мусоидат намуд. Лозим ба ёдоварист, ки ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.«Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад»
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайати эҷодии рӯзнома изҳори сипос намуда, дар ҷавоб ба мақолаи Абдухолиқ Мирзозода, ки таҳти унвони «Фақат меъёри илмӣ метавонад дурустии имлоро муайян кунад», ки дар рӯзномаи «Садои мардум», №85 (4133) 29 феврали соли 2020 нашр гардида буд, матлаби зеро ирсол менамояд
Муаллиф барҳақ қайд кардааст, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа — ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» аризаҳои электрониро пешниҳод намоед!
АРИЗАҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО ПЕШНИҲОД НАМОЕД!Муҳтарам падару модарон, соҳибкорон ва мудиру роҳбарони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият,
Барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» шумо метавонед аз хизматрасониҳои ҳукуматии электронӣ марбут ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баред ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои номгузории фарзандон бо номҳои тозаэҷод, номгузорӣ/тағйири номи ташкилоту муассисаҳо ва навишти дурусти номҳо ба таври электронӣ муроҷиат намоед.
Умедворем, ки хизматрасониҳои электронии мо ба шумо барои риоя намудани чораҳои ҳимояи инфиродӣ ва пешгирӣ кардани паҳншавии бемории «COVID-19» мусоидат мекунанд:ҚОИДАҲОИ ИМЛО: МУШКИЛОТ, ТАҲЛИЛ ВА ПЕШНИҲОДОТ. АМИТ «Ховар» андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиёнро манзур намуда, ҳамзамон онҳоро қобили баррасӣ ва таҳлили ҷиддӣ мешуморад
«Таъсири манфии ихтилофи баъзе бандҳои қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошанд, ба мушоҳида мерасад ва ин мушкилот то имрӯз ҳаллу фасл нашудааст. Барои ҳалли ин ва дигар мушкилот бояд сараввал камбудиву духӯрагиҳои ҷиддие, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар мерасанд, ислоҳ карда шаванд. Зеро вазъи номуайяни қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва возеҳу равшан набудани бисёр бандҳои он боиси баҳсу мунозираҳои нолозим шуда, ба сатҳи саводнокии мардум, махсусан, насли наврасу ҷавон таъсири манфӣ расонида истодааст»(Иқтибос аз Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, 4.10.2019) .
Таблиғот оид ба пешгирии коронавирус (COVID-2019)
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 1-уми майи соли 2020, №24/10-19 оид ба чораҳои зиддиэпидемикӣ доир ба пешгирии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона дар маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 аз 2-юм то 6-уми майи соли 2020 гурӯҳҳои кории Кумита таъсис дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) аз усули хона ба хона истифода намуда, бо аҳолии маҳаллаи Бадахшон-1 ва Бадахшон-2 суҳбату вохӯриҳо доир намуда, корњои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва моҳияти супориши мазкурро ба саҳми онҳо расониданд.
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумиати забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бахши илмҳои забоншиносии Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, ки дар гурӯҳи кории номҳои ҷуғрофӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд, инчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони Кумита дар роҳи татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мукофотҳои соҳавии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, Офаридаев Назрӣ – профессор, доктори илмҳои филология, Бобохонов Бобоназар – ходими калони илмӣ, Мирбобоев Азиз – номзади илмҳои филология, Тӯраев Бурҳониддин – дотсент, номзади илмҳои филология бо мукофоти «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, бо мукофоти «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони зерини Кумита мукофотонида шуданд:
1. Сангов Ғулом - Мудири бахши умумӣ ва кадрҳо
2. Фарҳодова Сарвбону - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот
3. Умарова Шаҳноза - Сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ
4. Зайдуллои Абдулло - Сармутахассиси бахши экспертизаи забоншиносӣ
5. Мирзоева Мунира - Мутахассиси пешбари бахши экспертизаи забоншиносӣ
6. Абророва Соҳира - Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот.ТАБРИКОТИ НАВРӮЗИИ РАИСИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз Наврӯз бо қабои пурнусрати худ дар рӯзгори мардуми мо файзу шукӯҳи нав оварда, манзалати дунявӣ касб кард. Иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки ин Ҷашн дар дунё ҳамчун рисолат ва фарҳанги тоҷик шинохта шудааст.
Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба беҳтар зистан даъват мекунад, дилҳо ва андешаҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеша кунанд.
Бо самимияти хоса мегӯем, бигзор Наврӯзи имсола ба Шумо ва аҳли хонадонатон, бо манзалату ҳикмати беназираш сиҳатмандии бардавом, осудагиву амонӣ, барори кор, файзу нусрат ва сарбаландиро чун кӯҳсорон эҳдо намояд.
Расидани Наврӯзи куҳан ба сафҳаи наве аз умри он барои Шумо ва мардуми шарифи кишварамон хуҷаста бод ва ҳадяи ин айём неруи тозаи ҷисму рӯҳ, шодиву нишот, сулҳу ободӣ, тавфиқу пирӯзиҳо бошад!Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.
Бо камоли эҳтиром,
раиси Кумита
О. Муҳаммадҷонзода
Даромад
Харита
Тамос













































Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


