Забони давлатӣ таҳкимбахшандаи сулҳ ва ваҳдати миллист
Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки неруи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониатҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.
Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил шудем.
Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.
Даромад
Харита
Тамос



























Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.


