ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА АЗАМАТ ВА ШУКӮҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бебаҳотарин ва нодиртарин забони бостонии давлатдорӣ ва адабиёти бадеӣ, илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Он азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз, аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо тамоми шоистагиаш ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кард. Шиносномае, ки халқу миллат ва фарҳангу тамадуни онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад, маҳз забони ӯст. Ин забон аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии Осиёи Марказӣ буд. Забони тоҷикии дарӣ чун шиносномаи Сомониёни тоҷикзабон, дар арсаи сиёсат, давлату давлатдорӣ, фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон дар таърихи башарият азамату шукӯҳи давлатдорӣ ва фарҳанги беназири тоҷиконро ба олами башар муаррифӣ кард.
Забони тоҷикии дарӣ, ба ҳайси забони расмии давлати абарқудрати Сомониён ҳамчун забони байналмилалии ҷаҳони асримиёнагӣ зиёда аз ҳазор сол Шарқи маънавиманишро бо Ғарби моддигаро мепайваст ва асрҳо чун забони кории Роҳи Абрешим хизмат намуда, он рисолати забони муоширати байналмилалиро ба ҷо меовард, ки дар ҷаҳони муосир забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ ва арабӣ ба дӯш доранд.