Забони ишкошимӣ
Дар деҳаҳои Рэн ва Сумҷини ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва низ ба унвони забони сангличӣ ва зебокӣ дар Бадахшони Афғонистон мустаъмал аст. Дар байни гӯйишҳои ишкошимӣ сангличӣ ва зебокӣ тафовутҳои фонетикӣ ва луғавӣ ба назар мерасад (ниг. [Пахалина 1959; 1987, с. 474-536]). Муҳаққиқон сангличиро ба унвони забон низ баррасӣ кардаанд [Юсуфбеков 1999]. Теъдоди гӯйишварони забони ишкошимӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар аст .
Забони ишкошимӣ(ранӣ) (rьni zьvůk) дар баробари забонҳои санглечӣ ва зебокӣ мансуб ба забонҳои гурӯҳи ишкошимӣ мебошад, ки дар ҳудуди деҳаи Ран ва қисман деҳаи Сумҷини ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон ба кор меравад. То ибтидои асри ХХ ин забон дар дараи Абхарви ноҳияи мазкур мустаъмал будааст ва пас аз муҳоҷирати сокинони он ба ҳудуди деҳоти номбурда ин дара акнун дигар маҳали ғайримаскунӣ аст. Ин забон аз доираи хонавода ва деҳа берун истеъмол намешавад, бинобар ин ба сабаби маҳсули хонаводаи патриархалӣ будани он, ки модарони он хонаводаҳо маъмулан намояндагони забонҳои дигаранд, онро «забони падарӣ» (tot zьvůk) номидаанд (1).
Гурӯҳи забонҳои ишкошимӣ навъҳои гуфтории ишкошимӣ (ранӣ), зебокӣ ва сангличиро муттаҳид кардааст, ки ба ҳам аз лиҳози сохтори савтӣ, луғавӣ ва грамматикӣ ба ҳам хеле наздиканд (2) ва тафовути диалектологии онҳо аз доираи лаҳҷа берун нарафтааст. Осори фолклорӣ, ки ба забони ишкошимӣ эҷод шудааст, то ҳадде гирдоварӣ ва чоп шудааст (3). Аз ашъори шоирони ишкошимии даврони пешин ҳанӯз ҳеҷ намунае дастрас нагардидааст, аммо намунаҳои ашъори шоирони даврони шӯравӣ мисли Нафасбек Раҳмонов ва Одина Назарзода, ки ҳам ба забони модарии худ ва ҳам ба тоҷикӣ шеър гуфтаанд, чоп шудаанд (4).
Адабиёт
1. Muller K., Tiessen. A Father’s language // Studies in languages of Tajikistan.
Grand Rapids, MI, USA, 2005, c. 223-250.
2.Grierson G.A. Linguistic survey of India, vol. X. – Calkutta, 1921.
3 Дар китоби Т.Н. Пахалина. Ишкашимский язык. – М., 1959.
матнҳои гуногуни фолклорӣ бо тарҷумаи русии онҳо ҷо дода
шудаанд (ниг. с. 88-175).
4. Доир ба ашъори муаллифии ишкошимӣ ниг.: Вопросы памирской
филологии 3. Составители и редакторы Д. Карамшоев, Н. Шакармамадов. – Душанбе, 1985, с 262-263; Назарзода О. Диёри
лаълбор. – Душанбе, 2007, с. 90-105.
Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев