ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед

Ҷумъа, Феврал 27, 2026

КИТОБҲО БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Феврал, 2026 - 17:53

Дар доираи эълон гардидани аксияи ҷумҳуриявии "Китоб барои муҳофизони Ватан", ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозони Ватан 40 адад китобҳоро дар самти забоншиносӣ бо дастхати раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода ва сардорони раёсату шуъбаҳои Кумита тақдим намуд.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ ва бедор намудани завқи китобхонӣ байни сарбозон ба роҳ монда шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Натиҷагирӣ аз татбиқи сиёсати забонӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 27 Феврал, 2026 - 18:53

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ, назорат ва санҷиши вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин, таъмини амалисозии Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил намудани гурӯҳи корӣ дар ҳайати шахсони зерин: директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума» назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстзода Ҳамрохон Ҷумъа (роҳбари гурӯҳи корӣ), мудири бахши коргузорӣ ва назорати Кумита Абдуллоев Шариф Раҳматуллоевич ва сардори раёсати экспертизаи забоншиносии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Фирӯз Ғайратҷон (аъзои гурӯҳи корӣ) дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода санҷиш гузаронид.
Дар ҷараёни санҷиш вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба забони давлатӣ, сатҳи риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигорӣ, дурустии номгузории сохторҳо, сифати матнҳои расмӣ ва лавҳаву овезаҳо мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)