ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст.
Яъне тоҷикон роҳи тайкардаи худро дар хотираи таърихии хеш маҳз ба василаи забони модарӣ ҳифз кардаанд.
Дар тӯли таърих забони форсӣ – дарӣ – тоҷикӣ ба фишору таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, вале абармардони сиёсат ва илму фарҳанг дар тамоми давраҳои таърих барои нигаҳдории он талошу кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаанд.
Ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи хонадони Сомониён, сиёсатмадорони ватандӯсту донишманд ва аҳли илму адаби он давра забони дарии тоҷикӣ мавқеи худро дубора устувор кард ва мақоми расмии давлатӣ касб намуд.
Сомониён бо фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти илм ва фарҳангу адабиёт рушди забони тоҷикиро таъмин карданд.
Ба ибораи дигар, забони адабии тоҷикӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва асоси тамоми меъёрҳои он гузошта шуд.