Мушкилоти истилоҳнигорӣ роҳи ҳалли худро меёбад

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 26 июня, 2018 - 14:04 пользователем Ҳайати тадорукот
Кумитаи забон ва истилоҳот

     Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастуру супоришҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба забони илм табдил додани забони давлатии Тоҷикистон ва бо роҳи танзими дурусти истилоҳнигорӣ минбаъд ҳам рушду густариш додани забони адабии тоҷикӣ рӯзи 25-уми июни соли 2018 дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита баргузор гардид.
     Дар ҷаласа беш аз 100 нафар олимони забоншиноси тоҷик, - аъзои бахшҳои тахассусии Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита, мутахассисону намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, намояндагони ВАО ва кормандони Кумита ширкат варзиданд, ки масъалаҳои  вобаста ба  вазъи  истилоҳнигорӣ дар фаъолияти Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита мавриди  баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади минбаъд ҳам рушду густариш додани ҳамкории самараноки Шӯро бо вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ниҳодҳои илмию таҳқиқотии кишвар бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти иштирокдорон қарори ҷаласаи Шӯро  қабул карда шуд, ки он ба  пешбурди сармараноки фаъолияти Шӯро, низоми дурусти истилоҳнигорӣ   ва танзими он равона гардидааст.
     Қобили зикр аст, ки дар забони тоҷикӣ истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ имрӯз наметавонад бо пажӯҳишҳои густурда ва амиқи назарии худ ифтихор кунад. Мушкил он аст, ки то ҳол  заминаи рушду инкишофи ин ришта ба қадри лозим фароҳам нашудааст. Зеро то имрӯз таркиби луѓавии забони адабии  ҳозираи тоҷик ба дараҷаи кофӣ тадқиқ нашуда, оид ба ин масъалаҳо ягон асари ҷудогонаи ҳадафрасе ба вуҷуд наомадааст. Аз ин боис, на танҳо масоили назарӣ, балки даҳҳо  мавзӯъҳои мубрами дигари истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносии забони тоҷикӣ дар интизори муҳаққиқони хеш мебошанд.
     Дар иртибот ба ин масъалаҳо, яке аз пешниҳоди муфиди аъзои Шӯро дар ҷаласа, ин масъалаи дар назди Кумита таъсис додани “Маркази тарҷумонӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи иистилоҳшиносӣ ва фарҳангнигорӣ” буд, ки он  якдилона қабул гардид. Зеро маҳз, тавассути ин иқдом, ки дар пешбурди сиёсати давлатии забон муҳим арзёбӣ мегардад, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавии забони тоҷикӣ дар мақоми давлатӣ ва  инкишоф додани забони миллӣ яке аз вазифаҳои мубрамест, ки бояд аз ҷониби ниҳоду марказҳои илмӣ-таҳқикотии кишвар рушд ёбад ва бо истифода аз имконоти захираи вожаҳо ва равишҳои суннатии забон ва таҷрибаи ҳамзабонон, ки дар ин самт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, забони  давлатии мо рушду густариш дода шавад ва он аз ҳама гуна олоишу  савтиёти  бегона  раҳо ёбад.

     Боиси тазаккур аст, ки қарори  ҷаласаи навбатии Шӯро  бо ҳадафи  татбиқи  банизоми ҳамгунсозии истилоҳот дар забони адабии тоҷикӣ барои корбурд ба тамоми вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва  пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ  ирсол карда мешавад.


Масъули Хадамоти ВАО                                                Р. Зулфониён

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (2 голос)